ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ХУСУСИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИХТИЁРАН СУПУРДАН ВА МУСОДИРА
КАРДАНИ СИЛОҲИ ОТАШФИШОН, ЛАВОЗИМОТИ ҶАНГӢ ВА ТЕХНИКАИ ҲАРБӢ
АЗ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Ба Фармони Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон аз 2 декабри соли1994
№ 2 "Дар бораи ихтиёран супурдан ва мусодира кардани силоҳи оташфишон,
лавозимоти ҷанги ва техникаи ҳарбиазаҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
тағйироти зайлворид карда шавад:дар қисми якуми банди 8 калимаҳои
"Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҳикистон "ба калимаҳои" Раиси Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
аз 26 маи соли 1997 № 728
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>