Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон барои довталабони Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади таъмини мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилӣ ва мувофиқ сохтани онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи фар-моиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №37 аз 26 майи соли 2016 ба Дастурамал дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули довталабон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 12 б/з аз 20.02.2014 тасдиқ гардидааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шуданд:

1. Банди 1 фасли 2 (Тартиби интихоб) сархати дуюм чунин хонда шавад: маълумоти олии касбӣ бо ихтисоси 1-240102 «Ҳуқуқшиносӣ» (барои мақомоти корҳои дохилӣ (буҷавӣ, шартномавӣ), барои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (шартномавӣ), барои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (шартномавӣ), барои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шартномавӣ)), касби «Ҳуқуқшинос» бо шаклҳои таҳсили рӯзона ва ғойибона дар заминаи маълумоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ.
2. Банди 7 фасли 3 (Қоидаҳои қабул) сархати якум чунин хонда шавад:
- озмоишҳои омодагии ҷисмонӣ (дав ба масофаи 100 м, дав ба масофаи 1000 м, турниккашӣ, партофтани норинҷак ва шиноварӣ ба масофаи 50 м (бе муҳлат));
Эзоҳ: дар банди 1 фасли 2 (Тартиби интихоб) сархати дуюм "барои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (шартномавӣ), барои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (шартномавӣ), барои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шартномавӣ)" ва дар банди 7 фасли 3 (Қоидаҳои қабул) сархати якум дар озмоишҳои омодагии ҷисмонӣ "шиноварӣ ба масофаи 50 м (бе муҳлат)" илова шудааст;

ШУЪБАИ ТАЪЛИМИ АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика