Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

16369-уми июли соли 2024, тахминан соати 00:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Каримов Аслиддин Асадуллоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронанда Каримов А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол додан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
9-уми июли соли 2024, тахминан соати 00:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Холиқов Ҷамшед Ҳафизович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Фирдавсӣ ба самти кӯчаи А.Ҷомӣ, дар ҳудуди кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, пиёдагард Шарипов Айниддин Хайриддинович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Ҳамадониро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Шарипов А.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
9-уми июли соли 2024, тахминан соати 01:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Қурбонов Амрулло Абдуалиевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи мошингард берун шуда, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Қурбонов А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
8-уми июли соли 2024, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Каримов Шукрулло Маҳмадраҷабович, соли таваллудаш 1990, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Ёвон ба самти ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Сафаров Азизулло Қудратуллоевич, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Сафаров А.Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол додан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика