Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 5 нафар бар асари садамаи мудҳиш дар ноҳияи Шаҳристон

917-уми июли соли 2024, тахминан соати 15:51-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Худоёров Ҷамшид Қайнарович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи мошингард берун шуда, ба масофаи 49 метр сарозер шуда, дар дохили сойи деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон афтидааст.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур Худоёров Баҳодур Раҳматбоевич, соли таваллудаш 1968, Худоёрова Шаҳодат Раҳматуллоевна, соли таваллудаш 1970, Худоёрова Муспира Раҳматбоевна, соли таваллудаш 1974 ва Худоёрова Шоира Раҳматбоевна, соли таваллудаш 1975, сокинони ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Худи ронанда Худоёров Ҷ.Қ. ва 9 нафар мусофирони боқимондаи автомашинаи мазкур, ки аз инҳо 6 нафарашон ноболиғ мебошанд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаридаанд. Сипас дар беморхона ноболиғ Худоёров Эҳрон Акмалович, соли таваллудаш 2014, баъд аз чанд соат ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика