Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни «Расми беҳтарини кӯдакона» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон

885

29 майи соли ҷорӣ даври ҷамъбастии озмуни «Расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор» дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи Фармоиши тасдиқгардидаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 388 аз 24 майи соли 2024, бахшида ба 1 июн – Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон дар боғи фарҳангӣ - фароғатии Боғи Ирами шаҳри Душанбе гузаронида шуд.886

Дар ин чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Иброҳимзода Н., муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Д., сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати дохилӣ Умарзода Б. ва директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода М. иштирок ва суханронӣ намуданд.
889Озмуни мазкурро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал майори-хизмати дохилӣ Иброҳимзода Нозиҷон кушода, қайд намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ниҳоят муҳим мебошад. Мақсад аз гузаронидаи ин озмун тарбия намудани хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, шуҷоат, далерӣ, мардонагӣ ва баланд бардоштани савия ва малакаи дониши онҳо баҳри риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар муассисаҳои таълимӣ ва манзилҳои истиқоматӣ, инчунин ҳифзи моликияти давлатӣ ва хусусии шаҳрвандон аз коми оташ буда, санҷиши малака ва маҳорати хонандагон оид ба пешгирӣ ва хомӯш намудани сӯхторҳо, гузаронидани корҳои ташвиқотӣ, тарғиботӣ байни хонандагон, омӯзиши хонандагон бо воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ ва тарзи истифодабарии онҳо, инчунин аз худ намудани вазифаҳои Дастаҳои оташнишонони наврас (ДОН) дар муассисаҳои таълимӣ ва манзили зист мебошад. Зеро хонандагон ба ин восита аз оқибатҳои фалокатбори сӯхторҳо огоҳии бештар пайдо мекунанд ва кушиш менамоянд, ки то ҳадди имкон омили чунин ҳодисаҳо набошанд ва барои пешгирии он кореро анҷом диҳанд.887
Дар ин озмун зиёда 200 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ расмҳои тасвиркардаи худро ба озмун пешниҳод намуданд, ки аз расмхои кашидаи хонандагон бармеояд, ки онҳо моҳияти ин мавзӯъро амиқ дарк карда, аз дидгоҳи худ ин мавзӯъро рӯи қоғаз оварда, ба ин васила чораҳои пешгирикунандаи сӯхторро низ пешниҳод кардаанд.
888Дар рафти гузаронидани ин озмун саволу ҷавобҳо оид ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар байни кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаъолона гузаронида шуда, аз саволу ҷавобҳо маълум гашт, ки хонандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба хомӯш намудани сӯхторҳо тассавуроти кофӣ доранд.900
Инчунин аз тарафи кормандони хадамоти оташнишонӣ тамоми техникаю таҷҳизоти замонавии оташнишонӣ ба намоиш гузошта шуда, манзури хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва иштироккунандагони озмун гардонида шуданд.
902Мувофиқи низомномаи тасдиқгардида ин озмун ба гурӯҳҳои синфҳои 4-6, гурӯҳи синфҳои 7-9 ва гурӯҳи синфҳои 10-11 ҷудо карда шуда, аз ҷониби ҳайати расмҳо комиссия баҳогузорӣ гардиданд.
Дар охир ҳайати комиссияи озмун ба хулоса омаданд, ки аз байни расмҳои кашидаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар байни гурӯҳи синфҳои 4-6, ҷойи аввалро хонандаи муассисаи таълимии ноҳияи Ҳисор Салмони Субҳон, ҷойи дуюмро хонандаи синфи 6 МТМУ №63 ноҳияи Сино Мансурова Марям, ҷойи сеюмро хонандаи синфи 6 МТМУ №87 ноҳияи Сино Қобилҷонова Ясмина сазовор гардиданд.
Инчунин дар байни гурӯҳи синфҳои 7-9, ҷойи аввалро хонандаи синфи 9 Литсейи №1 ноҳия Б. Ғафуров Рузиев Муминҷон, ҷойи дуюмро хонандаи синфи 7 МТМУ №28 ноҳияи Варзоб Ҳайдарова Рухшона, ҷойи сеюм насиби хонандаи синф 9 МТМУ №20 ноҳияи Кушониён гардид.
Дар байни гурӯҳи синфҳои 10-11, ҷойи аввалро хонандаи синфи 11 МТМУ №1 ноҳия Темурмалик Ҳалимов Абдуғафор, ҷойи дуюмро хонандаи синфи 10 МТМУ №64 ноҳияи Восеъ Ҳакимзода Фариштамоҳ ва ҷойи сеюм ба хонандаи синфи 11 МТМУ №4 ноҳияи Сангвор сазовор дониста шуданд.
Инчунин 11 нафар иштирокчиёни фаъол ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.
Комиссия кори худро дар асоси низомномаи озмуни мазкур ба роҳ монда хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд ва иштирокчиёни фаъол бо тӯҳфаҳои хотиравӣ, Ифтихорнома ва Сипосномахо сарфароз гардонида шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ин чорабинӣ хеле шавқовар ва хотирмон сурат гирифта, ҳамасола дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Ниёзов Ҷ., нозири калони СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники хизмати дохилӣ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика