Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

111Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода аризаи марди 41-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки моҳи марти соли 2022, марди 44-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 80 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз биноҳои навсохтмони шаҳри Турсунзода манзили истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Инчунин, гумонбаршаванда 20-уми ноябри соли 2023, дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаҳои «Хундай-Соната» ва «Ауди», ки арзиши умумиашон 215 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта ваъда додааст, ки аз биноҳои навсохтмони шаҳри Турсунзода манзили истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 1-уми декабри соли 2023, марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «БМВ-Х5»-ро ба маблағи 1 миллион сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш 113-тонна масолеҳи сохтмонии арматур оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика