Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пурзӯр намудани корҳои профилактикӣ оид ба пешгирии мардумфиребӣ

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои санҷишӣ ва профилактикӣ оид ба пешгирии қонуншиканиҳо вобаста ба риоя нагардидани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва ғайра идома дорад.

Дар ин замина назорат аз болои шахсони ба сеҳру ҷоду, таълимоти ғайриқонунии динӣ, муллоҳои тумору таштобдиҳанда амалӣ карда шуда, барои ин гуна шахсон феҳристи (рӯйхати) ягонаи бақайдгирӣ ҷорӣ карда шудааст.
Вобаста ба чунин қонуншиканиҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ тағйиру иловаҳо ворид шуда истодаанд.
Ба шахсоне, ки ба мардумфиребӣ (сеҳру ҷоду, фолбинӣ, тумору таштобдиҳӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ) рӯзгузаронӣ менамоянд, ҷазо дар намуди меҳнати маҷбурӣ ба муҳлати то 6 моҳ таъйин карда мешавад.

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика