Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабари фаврӣ

576Дар васоити ахбори оммаи Федератсияи Россия хабаре паҳн гардид, ки аз тарафи Раёсати корҳои дохилӣ оид ба вилояти Брянск вобаста ба акти террористие, ки шаби 22-юми марти соли 2024 дар шаҳри Москва рух додааст, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1. Исмонов Ривоҷиддин санаи таваллудаш 25.09.1972.
2. Насриддинов Маҳмадрасул санаи таваллудаш 20.11.1986, сокинони ноҳияи Ҷ. Балхии вилояти Хатлон барои содир кардани ҷинояти махсусан вазнин гумонбар ва ба ҷустуҷӯи расмӣ эълон кардааст, асоси воқеӣ надорад.
Чунки номбурдагон санаи 26-уми ноябри соли 2023 аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар маҳалли зисти худ қарор доранд.

577

578

579




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика