Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкори ҳолатҳои дуздӣ

080Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитисия муайян карда шуд, ки зани 35-солаи сокини шаҳри Истарвашан, санаи 11-уми марти соли 2024, тахминан соати 14:00 дар ҳудуди деҳаашон бо тариқи пинҳонӣ аз ҷайби зани 65-солаи сокини шаҳри мазкур ҳамёнашро, ки дар дохили он 12 ҳазору 600-сомонӣ буд дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитисия муайян карда шуд, ки марди 39-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо ҳамроҳии хешовандаш, марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур, санаи 09 ва 10-уми марти соли 2024, тахминан соати 21:00 бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии, марди 32-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз он ҷо молу ашёҳои рӯзгор, либос ва матоҳи занонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 27 ҳазору 950-сомониро ташкил медиҳад.
Оиди ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика