Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳавасмандии хонандагон барои гирифтани шиноснома дар шаҳри Истаравшан

558Шароити зарурии хизматрасонӣ барои таҳияи шиноснома дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ш. Истаравшан имконият фароҳам овардааст, ки талаботи шаҳрвандон саривақт барои гирифтани ҳуҷҷати асосии муайянкунандаи шахсият ва шаҳрвандӣ таъмин бошад. Дар хадамоти мазкур ҳар як муроҷиат бо тартиби қонунгузорӣ ба расмият дароварда шуда дар муҳлатҳои муқаррашуда шиноснома ба сохибаш дастрас мешавад.557

Таъмини наврасони ба синни шиносномагири расида бо ҳуҷҷати асосӣ аз ҷумлаи коргузориҳои масъулин мебошад.
556Дар шаҳри Истаравшан давоми соли хониши 2023-2024 ба 674 нафар хонандаи мактаб бо ташкили чорабиниҳои тантанавӣ шиноснома супорида шудааст. Вохӯри бо хонандагони ба синни шиносномагири расида ва дар хусуси низоми шиносномадорӣ маълумотнок кардани онҳоро метавон натиҷаи расидан ба ин дараҷа унвон кард. Ҳамзамон ташкили чорабиниҳои танатанавии шиносномасупорӣ ҳавасмандии хонандагонро барои саривақт гирифтани шиноснома бештар намудааст.559
Чорабинии навбатии шиносномасупории ботантанаро масъулини ХШБ ШВКД дар шаҳри Истаравшан ҳафтаи равон дар МТМУ №7 ба номи М. Ҳабибови деҳаи Қалъачаи Калони минтақаи хизматӣ баргузор намуда 25 нафар навраси ба синни 16 солагӣ расидаро, ки қаблан ба хадамот оиди гирифтани шиноснома муроҷиат карда буданд бо шиноснома таъмин намуданд. Чорабинии мазкур бо иштироки намояндаи ХШБ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, роҳбарият ва ҳайати шахсии ХШБ ШВКД дар шаҳри Истаравшан, намояндаи раёсати маорифи шаҳри Истаравшан, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимӣ доир гашт.
Тарзи дурусти ҳифзи шиноснома ва истифодаи он, риояи реҷаи муқарраршудаи шиносномадорӣ ва дигар паҳлуҳо вобаста ба шиносномаро зимни чорабинӣ намояндаи ХШБ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Азиз Икромзода ва сардори ХШБ ШВКД дар шаҳри Истаравшан подполковники милитсия Искандар Фозилзода ба хонандагон фаҳмонида, иштиркчиёни ҷамъомади тантанавиро ба интихоби тарзи ҳаёти солим, масъулиятшиносӣ, саҳмгузорӣ дар пешрафту ободии Ватан ҳидоят намуданд.
Тавре таъкид гардид хонандагон бо усулҳои соддакардашуда бе ҷалби волидон бо шиноснома таъмин карда шуданд ва таҷрибаи мазкур соли чорум аст, ки амалӣ карда мешавад. Танҳо зимни барасмиятдарории раванди шиносномагирӣ хонандагон бо роҳбаладии омӯзгор ба таври гуруҳӣ ба ХШБ ҳозир мешаванд ва баъди таҳия гардидани шиноснома кормандони хадамот шахсан шиносномаҳоро ба муассисаҳои таълимӣ дастрас ва дар вазъияти тантанавӣ ба соҳибонаш месупоранд.
Албатта чунин намуди коргузорӣ дар баробари баланд намудани маърифати ҳуқуқии наврасон сабукие барои сокинони деҳоти дурдаст мебошад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика