Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати озоди роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони ноҳияи Б.Ғафуров

552Рӯзи 27 феврал дар дар толори калони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Б. Ғафуров вохӯрии аҳли ҷомеаи ноҳия бо роҳбарони аввали мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гашт. Чорабинии мазкур бо ташаббуси роҳбарияти Шуъбаи 1 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров ба хотири ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо аҳолӣ дар самти муқовимати устувор бо ҷинояткорӣ ва кирдорҳои зидиҳуқуқӣ, пешгири аз ҳодисаҳои номатлуб, унсурҳои халалдорсозандаи тартиботи ҷамъиятӣ, ба ҳаёти осоишта баргардонидани гумроҳзадагони дар хориҷи мамлакат қарордошта, ё барои содир намудани ҷиноят дар кофтуковбуда ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нигаронида шуд. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳадафи аслии чорабинӣ саҳм гузоштан дар тадбиқи барномаи давлатии «Соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ» роҳандози гардида, таъмини дастуру супоришҳои ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ додаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзӯи меҳварии мулоқоти озодро фаро гирифт. Сокинони касбу кори гуногун имкон доштанд бо роҳбарони мақомотҳои милитсия, суд ва прокуратура муколамаи озод намуда, дар баробари воқиф гаштан аз муаммоҳои дар маҳалли зисташон ҷойдошта, дар бартарафсозии он саҳмгузорӣ намоянд. Вохӯриро муовини раиси ноҳия Фаридун Ҳомидзода оғоз бахшида ташкил ва баргузории онро дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба мақсад мувофиқ донист.553

Сипас, сардори Шуъбаи 1 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров полковники милитсия Илҳом Вализода бо маърӯзаи таҳлилӣ вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ, ба хусус ҷиноятҳои хусусияти ифротидошта, тадбирҳои андешидаи мақомоти милитсия дар самти пешгирӣ ва ошкорсозии ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, омилҳои бегонапарастии иддае аз шаҳрвандон, гумроҳшавӣ ва ба доми мубалиғони иғвогар афтидани онҳо ва чораҷӯиҳои милитсия барои ба зиндагии осоишта баргардонидани нафарони дар содир намудани ҷиноят гумонбари дар кофтуков қарор дошта, барномаҳои давлатии авф ва бахшиши гуноҳ, меъёрҳои сабукиовари қонунгузории мамлакат бо мисолҳои воқеъӣ баромад намуд. Ҳамзамон баҳри возеҳу равшан нишон додани натиҷаҳои амалии коргузории Шуъбаи 1 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров дар самти баргардонидани ҷустуҷушавандагон, 5 нафар сокинони аз меъёрҳои қонунгузории мамлакат бархӯрдоршуда низ иштирок доштанд, ки ба суҳбат ҳамроҳ гашта гуфтаҳои сардори шуъбаро тасдиқ намуданд.
554Таваҷҷуҳи аҳли нишаст бори дигар ба мавзӯи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи мафкураи онҳо аз донишу фаҳмишҳои зараровар ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан ҷалб карда шуд.555
Дар идома раиси суди ноҳия Ғайрат Сангинзода бо мисолҳои воқеӣ аз таҷрибаи коргузории судӣ ба ҳозирон маълумот дод. Зиндагӣ аз рӯйи одобу рафтори ҳамида ва қонун даъвати намояндаи мақомоти судӣ аз аҳли нишаст буд. Мавсуф таъкид намуд, ки маҳз ба ҳамин хотир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карданд, то ин ки зиндагӣ аз рӯйи меъёрҳои қонун барои ҳар як шахс одат бошад. Дар баробари эҳтиром гузоштан ба қонун ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро низ бояд арҷ гузорем гуфт Ғ. Сангинзода.
Ҳифз намудани ҷомеа аз зуҳуротҳои номатлубе ба мисли экстремизму-терроризм дар баромади маърузачиён садо дод ва дастури ягона ба аҳолӣ, муборизаи дастаҷамъона бурдан бар зиди он мебошад. Зеро бетарфи барои доман паҳнкардани падидаҳои номатлуб ва кирдорҳои зидиҳуқуқӣ замина мегузорад. Дуруст истифода бурдани шабакаҳои интернетӣ, дури ҷустан аз омилҳои ба урфу одатҳои мо бегона, доштани хислати ватандӯстӣ, дар ҳама ҳолат пуштибонӣ аз манфиатҳои давлат, таваҷҷуҳ кардан ба тарбия фарзанд, аз мавзуъҳои дастурие буд, ки ба ҳозирин дода шуд.
Ҳамзамон бо пешниҳоди роҳбарияти Шуъбаи 1 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷалби шаҳрвандони касбу кори гуногун гуруҳҳои фаъоли кории таблиғотӣ таъсис дода шуд, ки самти фаъолияти онҳо бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Гуруҳҳои корӣ дар тамоми минтақаҳои ноҳия сафарбар карда шуданд.
Дар хотима иштирокчиёни вохӯрӣ вобаста ба фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ таклифу пешниҳодҳо манзур намуда, омодагии худро ба ҳамкорӣ иброз доштанд.
Акбар Шарифӣ
подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика