Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чораҷӯӣ дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида

550Дар расонаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар пасманзари он зане лату куби фарзандашро бо шикоят ва ҳолати ногувор ба намоиш гузоштааст ва ин навор вокунишҳои зиёдро ба бор овард.551

Бо гузаронидани чорабиниҳои махсус аз ҷониби кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин ҳолат шаҳрванд Шарифов Муҳаммад Диловаршоевич, соли таваллудаш 2004, сокини ш. Душанбе, н. Сино, кучаи Арбобхотун, муайян ва боздошт карда шуд.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки бо ҷой доштани муноқишаҳои оилавӣ тули яксоли охир дар ин оила 26.02.2024 тахминан соати 18 шаҳрванд Шарифов М.Д ҳангоми ба амал омадани муноқишаи навбатӣ бо апааш Саёҳати Д., соли таваллудаш 19.08.1994 дар сари қаҳру ғазаб фарзанди ноболиғи ӯ Раҳмонов С., соли таваллудаш 2010-ро мавриди лату куб қарор додааст, ки дар натиҷа ноболиғ Раҳмонов С., ҷароҳатҳои ҷисмони бардоштааст.
Санҷиш аз руи ҳолати мазкур идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика