Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронандаи 60-сола дар натиҷаи садама

0920-уми феврали соли 2024, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Камолов Маҳмадалӣ Зайниддинович, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз НФС “Газпромнефт” ба самти маркази шаҳри Ваҳдат, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Насриддинов Ҳоҷиакбар Сафарбекович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри мазкур, ки аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат ҳаракат мекард, бархӯрдааст. Пас аз бархӯрдан ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Тайота-Румиён”, таҳти идораи ронанда, Бобобеков Раҷабалӣ Ортихолович, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Ваҳдат бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Румиён” Бобобеков Р.О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика