Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаллобӣ бо баҳонаи иваз намудани қурби асъор

22Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 29-солаи сокини шаҳри Конибодом моҳи октябри соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи қурби асъори рубли русиашро бо қурби нисбатан баланд баргардонида додан аз ӯ 450 ҳазор рубли русиро гирифта, ваъда додааст, ки онро 70 ҳазор сомонӣ карда бармегардонад, аммо гумонбаршаванда маблағи пулии ба даст овардаашро ба манфиати худаш сарф намудааст.

Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ моҳи октябри соли 2023, аз марди 36-солаи сокини ҳамин шаҳр бо баҳонаи қурби асъори рубли русиашро бо қурби нисбатан баланд баргардонида додан аз ӯ 500 ҳазор рубли русиро гирифта, ваъда додааст, ки онро 67 ҳазор сомонӣ карда бармегардонад, аммо номбурда, маблағи пулии ба даст овардаашро ба манфиати худаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика