Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати мусофирзан дар ҳодисаи нақлиётӣ

2922-юми январи соли 2024, тахминан соати 06:00, дар шоҳроҳи автомобилгарди “Душанбе-Кӯлоб”, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Данғара, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саймуроди Қиёмуддини Муртазозода, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати қафои автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, таҳти идораи ронанда Ҷаҳонгири Мумин, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Восеъ, ки бо сабабҳои нуқсонҳои техникӣ дар канори рости роҳ қарор дошт, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирзани автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаааст ва мусофирзани дигари автомашинаи мазкур Исоева Бибисоро Машарифовна, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика