Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар

19919-уми январи соли 2024, тахминан соати 22:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», Саидов Сайдали Бадриддинович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Д.Халқҳои шаҳри Душанбе, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан 30-соларо пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
20-уми январи соли 2024, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107”, Малахов Айниддин, соли таваллудаш 1954, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Наврӯзи ҳамин ноҳия қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Бахтиев Хушвахт Муҳаммадиевич, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107”, Малахов А. ва мусофираш Абдуназаров Ҳилолиддин Суҳробович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, сипас дар беморхона Малахов А. ба ҳалокат расидааст.
21-уми январи соли 2024, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Куганов Иброҳим Баротович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Чоргул ба самти ҷамоати деҳоти Даҳана, дар ҳудуди деҳаи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Ҳикматуллозода Ибодулло Қурбоналӣ, соли таваллудаш 2018, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Ҳикматуллозода И.Қ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
21-уми январи соли 2024, тахминан соати 13:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Аллаяров Шаҳбоз Рустамҷонович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Абай ба самти кӯчаи С.Шерозӣ, дар рӯ ба рӯи даромадгоҳи бинои Гимназияи №4 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Толибова Маҳсума, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Толибова М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас гардида, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика