Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оқибатҳои бадфарҷоми ҳодисаҳои роҳу нақлиёт

1718-уми январи соли 2024, тахминан соати 17:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус», Саидов Абубакр Иброҳимович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Душанбе-Чаноқ» дар мавзеи Қумбели ноҳияи Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, дар тарафи чапи роҳ чаппа шудааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Салимова Сабрина Маҳмадраҷабовна, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаст.
Ронандаи автомашинаи мазкур, Саидов А. ва мусофири дигар Аззизода Алишер Иброҳим, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
18-уми январи соли 2024, тахминан соати 22:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «BMW», Рустамов Сафарали, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Гулистон ба самти деҳаи Султонободи ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳудуди деҳаи Султонободи ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши «Шанси», таҳти идораи ронанда, Сангинов Насрулло Мирзошарифович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи «BMW» Рустамов С. ва дигар мусофирони автомашинаи мазкур, Ғиёсов Низом, соли таваллудаш 1967, Каримов Шохрух, соли таваллудаш 2002, Каримов Равшан, соли таваллудаш 1976, сокинони ноҳияи Спитамен, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Мусофири автомашинаи тамғаи «BMW», Исмоилов Пардабой Икромович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
19-уми январи соли 2024, тахминан соати 13:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», таҳти идораи Исмоилов Кароматулло Сангалиевич, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаркат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зидеҳ ба самти муқобили роҳ баромада, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канори роҳи мошингард ба дарёи Варзоб чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофир автомашинаи мазкур, Шарипов Мусулмон Шарипалиевич, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Файзобод, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур, Соҳибов Хушназар, соли таваллудаш 1953 ва Соҳибова Саноат, соли таваллудаш 1957, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика