Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қаллобӣ бо баҳонаи хариду фурӯши ғайринақдӣ

192Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд ки марди 33-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо мақсади қаллобӣ дар шабакаи эълонҳои хариду фурӯши молу маҳсулоти «Somon.tj» як акси автомашинаи тамғаи «Лексус 570», ки ба ӯ алоқамандӣ надоштааст, гузошта гӯё автомашинаи дар аксбуда ба ӯ тааллуқ дорад, бо нархи нисбатан арзон онро ба фурӯш гузоштааст.

Ба эълони дурӯғи ӯ марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бовар карда, бо ӯ дар тамос шудааст.
Гумонбаршаванда, ҷабрдидаро фиреб карда ба охирин ваъда додааст, дар муддати 25 рӯз автомобили мазкурро ба шаҳри Душанбе оварда, бар ивази 230 ҳазор сомонӣ ба ӯ мефурӯшад.
Ӯ бо баҳонаи пешпардохт дар се марҳила, қисм-қисм, ҷамъ ба маблағи 62 ҳазору 100 сомонӣ аз ҷабрдида бо роҳи фиреб гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе санаи 5-уми октябри соли 2023, ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус РХ3 350 Лонг»-ро 750 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, тариқи ғайринақдӣ харидорӣ карда, ба ӯ ваъда додааст, ки қисми маблағи пулиро пешпардохт намуда, боқимондаро дар муддати 2 моҳ ба ӯ пардохт менамояд.
Гумонбаршаванда автомашинаро фурӯхта маблағи бадастовардаашро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика