Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати корманди нуқтаи фурӯши хонаҳо зимни ҳодисаи нақлиётӣ

327-уми январи соли 2024, тахминан соати 18:00, дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шарипов Абдуқаҳор Ғафорович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Восеъ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Сайфуллоев Зайнулло Файзович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Вахшро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Сайфуллоев З.Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
8-уми январи соли 2024, тахминан соати 08:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Зоиров Амрохон Мирзохонович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ш.Шоҳин ба самти кӯчаи Ҳ.Шерозӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ДЭУ Сиело”, таҳти идораи Абдураҳимов Кароматулло Сафаралиевич, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри мазкур бархӯрда, баъдан автомашинаи тамғаи “ДЭУ Сиело” ба нуқтаи фурӯши ҳуҷраҳои истиқоматӣ, ки аз тарафи чапи канори роҳ ҷойгир мебошад, зада даромадааст.
Дар натиҷа, корманди нуқтаи фурӯши хонаҳо Кенҷаев Исмоил Кенҷаевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Кӯлоб ва ронандаи автомашинаи “ДЭУ Сиело” Абдураҳимов К.С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, 3 мусофири автомашинаи тамғаи “ДЭУ Сиело” ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Зоиров А.М. ва мусофираш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика