Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду ронанда дар ҷойи ҳодисаҳои нақлиётӣ

014-уми январи соли 2024, тахминан соати 22:00, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Золи-Зарди ноҳияи Ҷ.Балхӣ ронандаи дучархаи “Скутер”, Бозоров Фармон Амонович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Қубодиён, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, аз уҳдаи идораи дучархааш набаромада, ба дохили канали обгузари деҳаи мазкур афтидааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Бозоров Ф.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофираш Эшонқулов Искандар Ҷалилович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Қубодиён, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
5-уми январи соли 2024, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Додоев Маъруфҷон Мамараҷабович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Додоев М.М., дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили автомашинаи мазкур Исломзода Шӯҳратҷон Аҳмадӣ, соли таваллудаш 2002 ва Исмоилов Ҷамолиддин Исломович, соли таваллудаш 1990, сокинони шаҳри Истаравшан, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика