Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раддия ба навори шабакаи иҷтимоии «Инстаграм»

Навори видеоии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолова Зарангез Шамсуллоҷоновна, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, кӯчаи Афзалӣ, хонаи-36, ки тавассути шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» пахш гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз мушоҳидаи навори видеоии мазкур бармеояд, ки шаҳрванд Ҷалолова З.Ш., соли 2016 дар назди театри «Опера ва балет»-и бо номи С.Айнӣ ғайриқонунӣ ба фурӯши пуфак машғул будааст ва гӯё нозирони минтақавии милитсия ба шаҳрванд Ҷалолова З.Ш. монеагӣ эҷод намуда, муносибати дағалона зоҳир кардаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар давоми солҳои қайдгардида Ҷалолова Зарангез Шамсуллоҷоновна ғайриқонунӣ ба харидуфурӯш машғул гардида, ҳамчунин ба авбошӣ даст зада, аз рӯи ташхиси тиббӣ ба касалии руҳӣ гирифтор мебошад.
Зимни гузаронидани санҷиши хизматӣ муайян карда шуд, ки нозирони минтақавии милитсия ҳангоми фаъолияти хизматӣ нисбати шаҳрванд Ҷалолова З.Ш., ягон чораи ғайриқонунӣ наандешидаанд.
Инчунин Ҷалолова Зарангез Шамсуллоҷоновна 2 маротиба барои содир намудани ҷинояти авбошӣ, соли 2012-ум аз ҷониби ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2013-ум бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудааст.
Наворе, ки номбурда арзу шикоят намудааст, ҳанӯз солҳои 2017 паҳн шуда буд ва аз тарафи шахсони алоҳида ҳар сол дар арафаи Соли нав бознашр мешавад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика