Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ду нафар бар асари ҳодисаҳои нақлиётӣ

1714-уми декабри соли 2023, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи мусофиркаши тамғаи «Мерседес-Спринтер», Баротов Хуршедҷон Толибович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ноҳияи Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисмати пеши тарафи рости автомашинааш, пиёдагард Раҷабов Аюбҷон Алибоевич, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Хуҷандро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Раҷабов А.А. бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона дастрас карда шуда, дар он ҷо ба ҳалокат расидааст.
14-уми декабри соли 2023, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “ЛЕКСУС-570”, Воҳидов Ҷурабек Муҳиддинович, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти маркази шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди ҷамаоти деҳоти Б.Бурунови ҳамин шаҳр аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, дучархарон Олимов Нурулло Маҳмадраҷабович, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Олимов Н.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика