Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар аз беэҳтиётӣ

322-юми декабри соли 2023, тахминан соати 01:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Вита”, Расулов Ҳакимҷон Абдумуталович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Ҳисор-Турсунзода”, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Маҳмудов Абдурасул Асрорович, солаи таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Рӯдакиро, ки роҳро аз тарафи рост ба тарафи чап убур мекард, пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Маҳмудов А.А. ба саломатиаш чароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
2-юми декабри соли 2023, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванте”, Холмуминов Бегиҷон Ҳумбатуллоевич, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Темурмалик ба самти шаҳри Душанбе, воқеъ дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори чапи роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванте”, Холмуминов Б. Ҳ. ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 2 наафр мусофири дохили автомашинаи мазкур ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
2-юми декабри соли 2023, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер», Абдураҳмонов Мирзоҷон Расулович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Хуҷамбердиеви ноҳияи Ашт, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106», таҳти идораи ронанда Мадиматов Ҳаит Машраббоевич, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106», Мадиматов Ҳ., 2 нафар мусофири автомашинаи мазкур ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Абдураҳмонов М. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаридаанд.
Мусофири дигари автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106» Ҳайдаров Муҳаммад Насибалиевич, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Ашт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
2-юми декабри соли 2023, тахминан соати 09:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Фолсваген», Нигматов Сайчо Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи М.Маҳмадалиеви шаҳри Душанбе, аз самти кӯчаи Кари-Ман, ба самти кӯчаи Қаҳҳоров, дар кучаи А.Наҷмидинов бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девор бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири хурдсол Сафияи Шоҳзода, соли таваллудаш 2023, сокини, пойтахт, ки дар дасти модараш қарор доштааст, ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас ва бистарӣ гардидааст, ки баъди 30 дақиқа дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
2-юми декабри соли 2023, тахминан соати 21:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс 16 Спринтер», Назаров Даврон Одинаевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Истиқлоли ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мирзоев Абдураҳим Давлатович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Мирзоев А.Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика