Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳмгузории собиқадорон дар тарбияи корманд- ҷавонони милитсияи пойтахт

386Собиқадорони мақомоти милитсия мактаби бузургу мукаммали шуҷоату мардонагӣ, далериву ҷасурӣ ва донишу малакаи касбӣ ба шумор мераванд. Воқеан дар тӯли фаъолияташон баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлол, пойдории сулҳ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор кӯшиши зиёд ба харҷ дода, корнамоиҳои бемисл нишон додаанд. Ин аст, ки бо мақсади омӯзиши мактаби мардонагӣ ва донишу малакаи касбии собиқадорон дар Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он Шурои собиқадорони милитсия таъсис ёфта, хизматҳои шоёни собиқадорон қадр ва таҷрибаву малакаи касбии онҳо омӯхта мешаванд.387

Қобили зикр аст, ки Шурои собиқадорони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ пайваста дар тамоми чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат намуда, дар баробари омӯзишу тарбияи кадрҳои ҷавон ҳамзамон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб саҳми беандозаи хешро мегузоранд.
Аз ҷумла, дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт, аз ҷониби Шурои собиқадорон семинар-машваратҳои омӯзишӣ, таҳти унвони «Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир…» ташкил карда шудааст, ки зимни баргузории он собиқадорон аз таҷриба ва самтҳои гуногуни фаъолияти худ бо кормандони милитсия дарсҳои омӯзишӣ мегузаронанд. Чунончӣ, мулоқоти навбатии собиқадорон бо кормандони қисмҳои навбатдории мақомоти милитсияи пойтахт доир карда шуд, ки дар он раиси Шурои собиқадорони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники мустаъфии милитсия Раҳматшо Негматов ва сарнозири кор оид ба қисмҳои навбатдории Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Ҳафизов Ҷумахон ширкат намуданд.
388Зимни бургузории семинари омӯзишӣ, ба кормандони қисмҳои навбатдории мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе, оид ба тарзи қабули навбатдорӣ, қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон, ба танзим даровардани китобҳои хизматӣ, ба қайдгирии ҳодисаву ҷиноятҳое, ки дар давоми шабонарӯз содир мешаванд ва дигар самтҳои муҳимми фаъолият омӯзонида шуданд. Чуноне, зикр гардид, кормандони қисми навбатдорӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, бевосита дар робитаи зич бо шаҳрвандон ва қабулкунандаи ҳама гуна ҳодисаву ҷиноят ба шумор мераванд.
Раҳматшо Неъматов - полковники мустаъфии милитсия, ки солҳои тулонӣ дар қисми навбатдорӣ фаъолият намуда, аз нозукиҳои ин самти фаъолияти мақомоти милитсия ба хубӣ огоҳӣ дошта таҷрибаи кории зиёде аз бар намудааст, зимни баргузории семинари омӯзишӣ ба кормандони қисмҳои набатдорӣ аз донишу малакаи касбӣ ва таҷрибаи дар тӯли фаъолияти корӣ андухтаи худ нақлҳои ҷолиб намуда, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ ва садоқатмандӣ ба касбу хизмати шоиста ба халқу миллат ҳидоят кард.
Метавон гуфт, ки собиқадорони милитсияи тоҷик дар тӯли фаъолияти кориашон барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, пойдории сулҳ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор кушиши зиёд ба харҷ дода, имрӯз низ баҳри пойдории сулҳу суботи кишвар саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Ҷидду ҷаҳд ва саъю кушиши ҳар як корманд ва собиқадорони мақомоти милитсия бар он равона гардидааст, ки ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар сатҳи баланд таъмин гардида, суботу оромӣ дар кишвар пойдор бимонад.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ минбаъд низ баргузор карда шуда, собиқадорони милитсия оид ба самтҳои гуногуни фаъолияту таҷрибаи хеш ба кормандони ҷавонони милитсия дарсҳои омӯзишӣ баргузор менамоянд.
Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика