Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати як зани ронанда ва мусофираш дар ҳодисаи нақлиётӣ

2829-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванте”, Нуриддинова Муаззама Исмаиловна, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе, дар километри 66-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар нишебии канори роҳ дар масоҳати 600 метр чаппа намудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Нуриддинова М.И. ва мусофираш Отабоева Рухшона Азимҷоновна, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Спитамен, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигар автомашинаи мазкур Нуриддинова Малика Исмаиловна, соли таваллудаш 1984 ва ноболиғ Мамадҷонова Асила Муҳаммадҷоновна, соли таваллудаш 2011, сокинони ноҳияи Спитамен, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика