Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содир намудани қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

23Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 42-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ворид гардидааст, ки соли 2016, марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7 ҳазор доллари амрикоӣ ва 7 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди деҳаи Коммунизми ноҳияи Рӯдакӣ 0,06-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.

Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 10-уми марти соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ барои нигоҳубин намудан 110 сар чорвои майдаи шохдорро гирифтааст. Аммо чорвоҳои ба зимма гирифтаашро ба шахси номаълум дода, то ҳол онҳоро барнагардонидааст, ки бо ин кирдораш ба ҷабрдида ба маблағи умумии 160 ҳазор сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика