Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани якчанд кирдори қаллобии шаҳрвандон

25Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 27-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки аз моҳи декабри соли 2022 то моҳи марти 2023, марди 38-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 700 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки тиҷорати фурӯши маҳсулоти хӯроквории ӯро васеъ менамояд, аммо номбурда ваъдаашро иҷро накарда, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Ҳамзамон, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 51-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи июли соли 2023, дар кӯчаи С.Айнии пойтахт, мардони 54 ва 37-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тайота Камри-3»-ро ба маблағи 145 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифта, ваъда додаанд, ки дар муддати кутоҳ маблағашро бо пуррагӣ бармегардонанд, аммо номбурдагон то ҳол маблағи мазкурро барнагардонидаанд.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 47-солаи сокини ноҳияи Деваштич бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 26-уми сентябри соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии зани 47-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи дар хонааш сеҳру ҷоду мавҷуд мебошад, маблағи пулии 100 сомонӣ ва 300 ҳазор рубли русиро гирифта, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика