Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар

6317-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс-Атего», Раҳмонов Абдураҳим Ҳамидович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок” аз самти шаҳри Хуҷанд, ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар минтақаи ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов, пиёдагард Азизов Ризо Тухтаевич, соли таваллудаш 1949, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Азизов Р.Т. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
18-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус”, Холов Сиёвуш Гулназарович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаркат бо роҳи кӯчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе аз самти кӯчаи Шестапавлов ба самти кӯчаи Ҷ.Расулов ҳангоми расидан дар кӯчаи Р.Набиев, пиёдагарди ноболиғ Давлатов Умедҷон Ҳикматуллоевич, соли таваллудаш 2015, сокини пойтахтро зада аз пой мефтонад.
Дар натиҷа, ноболиғ Давлатов У.Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
18-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «КАЗ-469», Зарифов Муродалӣ Нурович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи К.Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Ланглифи ноҳияи К.Мастчоҳ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз баландии 300 метр ба поён чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Зарифов М. ва мусофири автомашинаи мазкур Нусратов Боймурод Гулмирзоевич, соли таваллудаш 1970, сокини ҳамин ноҳия, аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонии бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
19-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 08:00, ронандаи автомашимнаи тамғаи «Хонда СР-В», Турсунов Наимҷон Додоҷонович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Б.Ғафуров-Ҷ.Расулов», воқеъ дар кӯчаи Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Мамадҷонов Аҳлиддин Содирҷонович, соли таваллудаш 2013, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, аз бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ пиёдагарди ноболиғ, Мамадҷонов А. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
20-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 20:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Якубов Бахтовар Валиҷонович, соли тавалллудаш 1995, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи А.Ҷомӣ ба самти кӯчаи Деҳотии пойтахт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Набиев Баҳром Амиралиевич, соли тавалллудаш 1963, сокини ноҳияи Фархорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Набиев Б.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика