Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат намудааст, ки 23-юми октябри соли 2023, ҳангоми дар назди маркази савдои “Кӯшониён”-и шаҳри Душанбе қарор доштанаш, марди 28-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 91 ҳазору 599 сомонӣ лавозимоти рӯзгорро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки 15-уми июли соли 2023, марди 55-солаи сокини шаҳри Истаравшан, бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «БМВ»-ро ба маблағи 165 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаи мазкурро ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда,тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>