Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус бо ариза зани 64-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2023, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо молу ашёҳои рӯзгор, 1-адад соати дастии мардона ва 1-адад айнаки мардонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Панҷ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ аввалҳои моҳи ноябри соли 2023, ба манзили истиқоматии зани 33-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус даромада, аз дохили ҷузвдон ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи Балҷувон аризаи марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳҳои сентябр-октябри соли 2023, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаашон 2 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, ки пеш бо моддаи 245 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>