Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои фоиҷабори нақлиётӣ

19914-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс 180», Наимзода Шаҳбоз Сулаймон, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ба самти муқобил баромада, ба монеаи бетонии канори роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронанда Наимзода Ш.С. ва мусофирони автомашинаи мазкур Буриев Сафиаллоҳ Шодибекович, соли таваллудаш 1994, Норқулова Холида Нурмаҳмадовна, соли таваллудаш 1986, сокинони ноҳияи Ёвон, хурдсол Бахтиёрзода Имрон, соли таваллудаш 2019, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, хурдсол Қараева Лутфия Маъруфовна, соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи Ёвон ба саломатиашон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ду нафар мусофирони дигари автомашинаи мазкур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
15-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи мусофиркашонии тамғаи «Мерседес Спринтер», Ҷабборов Асадулло Абдуллоевич, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи автомобилгарди кӯчаи Назаршоев аз тарафи кӯчаи Валаматзода ба самти кӯчаи А.Дониши пойтахт, дар назди маркази савдои «Садбарг» фосилаи зарурии паҳлӯи тарафи ростро риоя накарда, ба қисмати паҳлӯи тарафи росташ ба қисмати паҳлӯи тарафи чапи автомашинаи мусофиркашонии тамғаи «Мерседес Спринтер», таҳти идораи ронанда Ҷамилов Ёқуб Файзиддинович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, ки дар як самт ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Ҳамин тариқ, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес Спринтер» Ҷамилов Ё. аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи мошингард баромада бо қисмати пеши тарафи росташ ба сутуни чароғаки роҳнамо ва аломати роҳ бармехӯрад.
Дар натиҷа, сутуни ҷароғаки роҳнамо шикаста ба болои сари пиёдагарди ноболиғ, Азимов Иброҳим Муҳаммадраҷабович, соли таваллудаш 2016, сокини шаҳри Душанбе, ки дар пайраҳаи пиёдагардон меистод, афтодааст.
Мутаассифона, ноболиғ Азимов И.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гашта, баъдан ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика