Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 47-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки марди 36-солаи сокини ноҳияи Восеъ, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқаш 13 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Гумонбаршаванда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 13-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 14:30-дақиқа, ҳангоми дар назди истгоҳи кӯчаи С.Шерозӣ қарор доштанаш, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳаммаслакаш “Баҳодур“ ном шахс, бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби зани 31-солаи сокини пойтахт ҳамёнашро бо маблағҳояш ва кортҳои бонкии «Амонатбонк» ва Эсхата» дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>