Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оқибати нохуши сабқати нодуруст

12912-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ашӯров Қобилҷон Отамуродович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” дар ҳудуди ноҳияи Деваштич, аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд ҳаракат карда истода, ҳангоми сабқат намудан, ба автомашинаи тамғаи «ДАФ FX-105», таҳти идораи Шаҳидов Билолиддин Шамсиевич, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Варзоб бархӯрда, самти ҳаракаташро гум карда ба тарафи рости роҳ баромада, автомашинаро ба чуқурии канори роҳ чаппа намудааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Ашӯров Қ.О. ва мусофирони автомашинаи мазкур Юнусова Маҳлиё, соли таваллудаш 1988 ва Хоҷибекова Ҷумагул Абдусаидовна, соли таваллудаш 1990, сокинони ноҳияи Янгиободи вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Узбекистон, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, мусофирони дигари автомашинаи мазкур Хоҷибекова Зарофат Абдусаидовна, соли таваллудаш 1980 ва Юнусова Фароғат Абдусатторовна, соли таваллудаш 1984, сокинони ноҳияи Янгиободи вилояти мазкур бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
13-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Ҳоҷизода Қаҳрамон Ҳоҷӣ, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Ғафуров-Хуҷанд» пиёдагард Қурбонов Абдухалил, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Мастчоҳро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Қурбонов А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика