Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар

329-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Эсперо”, Азимов Ҳасан Эмомхоҷаевич, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Роғун ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзобод ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес” таҳти идораи ронанда, Аҳлиддинов Солеҳҷон Исмоилович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Лахш, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи “Дэу-Эсперо”, Эмомзода Хайриддин, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Рашт, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва мусофирони дигари дохили автомашинаи мазкур Шарипов Нақиб, соли таваллудаш 2006 ва Шарипов Абдурашид, соли таваллудаш 1990, сокинони ноҳияи Рашт, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
9-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 18:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Муродализода Мансур Муродалӣ, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Олимов Худойдод Шералиевич, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Олимов Х.Ш. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
10-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», Эшбобоев Собирҷон Муҳаммадиевич, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Панҷакент-Суғдиён” дар ҳудуди деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Худойбердиева Орзугул Низомиддиновна, соли таваллудаш 1998, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Худойбердиева О.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
11-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 09:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Иброҳимзода Ёрмаҳмадӣ Шафе, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Ваҳдат-Душанбе”, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Мавлавӣ, ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Малиқулов Меҳроб Исматуллоевич, соли таваллудаш 2015, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика