Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани се ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар як рӯз

108-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 20:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Аванта», Толибов Абдумалик Абдулатифович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Мастчоҳ”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, ба садама дучор шудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Толибов А.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гашта, мусофири автомашинаи мазкур, Воҳидов Муҳаммадҷон Ҳасанович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
8-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 17:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулан», Ризвонов Алимардон Аҳтамович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Муъминобод ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар ҳудуди шаҳри Истаравшан бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Хонда-Серви», таҳти идораи ронанда, Ҳаётов Фирдавс Нарзулллоевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хонда-Серви», Ҳаётов Ф.Н. ва мусофиронаш Саидҳалимова Давлатбӣ Ҷангиевна ва Сайфиддинова Миҷгона Саидовна, солҳои таваллудашон 1983, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Сафаров Неъматулло, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ва Амирҷони Раҷабалӣ, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
8-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ҷумаев Зариф Зоирович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Конибодом ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Конибодом-Деҳмой”, дар ҳудуди деҳаи Ҷаҳонзеб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Турсунова Дилором Турсуналиевна, соли таваллудаш 1960 ва Турсунова Латофат, соли таваллудаш 1953, сокинони ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагардони мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика