Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати се нафар дар садамаи нақлиётӣ

135-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 19:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Каролла Версо”, Абдуллозода Зиёратшо Аваз, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти А.Авазови ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи, Қурбонов Сайдалӣ Абдулазизович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Восеъ, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қурбонов С.А. ва мусофири дохили автомашина, Баротов Мирзоалӣ Саидакбарович, соли таваллудаш 1951 ва мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Тайота Каролла Версо”, Қурбонов Файзалӣ Давлатович, соли таваллудаш 1965, сокинони ноҳияи Восеъ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика