Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корҳои фаҳмондадиҳӣ-таблиғотӣ натиҷаи дилхоҳ медиҳанд

305

Фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ серпаҳлӯ буда, самти шиносномавию бақайдгирӣ яке аз ҷузъҳои муҳими онро ташкил медиҳад.306

Дар ин замина бояд қайд намуд, ки кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон вобаста ба иҷрои амру фармонҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир фаъолияти хизматиро хуб ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба сомон расонидаанд.
307Аз ҷумла баҳри пешгирӣ ва ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ, таъмини шаҳрвандон бо шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносномаи биометрии дорои ҳомили электрони иттилоот, муайян ва ошкор намудани ҷиноятҳо, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарор дошта, тартиб додани протоколҳои маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ва нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ саҳми назаррас гузоштаанд.
Яке аз вазифаҳои асосии самти фаъолияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, пеш аз ҳама таъмини саривақтии шаҳрвандон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ мебошад. Дар баробари пешрафти илму техника дар ҷаҳони муосир бо мақсади баланд бардоштани хусусиятҳои ҳимоявии шиносномаи шаҳрвандӣ ва шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо иваз шуда, бо тарҳ ва сифати нав мавриди амал қарор гирифтаанд.
Ҳамзамон ҷиҳати иҷрои саривақтии талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти 207-7 аз 30 апрели соли 2016» «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки дар асоси он бақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 ба роҳ монда шудааст, реҷаи кори кормандони Хадамот ва ҷузъу томҳои он пурзӯр гардида, сари вақт ба аҳолӣ хизматрасонӣ менамоянд.
Бояд қайд кард, ки бо мақсади амалӣ намудани талаботи қарори мазкур роҳбарияти ХШБ РВКД дар вилояти Хатлон ба ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сафарҳои хизматӣ анҷом дода, бо масъулини воҳидҳои поёнӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, омӯзгорон ва фаъолони ҷамоатҳо вохӯриҳо намуда, ҷиҳати сари вақт иваз кардани шиносномаи намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотиро анҷом дода истодаанд.
Вобаста ба талаботи қарори мазкур аз Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лавҳаҳои иттилотӣ ирсол карда шуда, дар зиёда аз 150 ҷамоатҳои шаҳраку ноҳияҳо насб карда шудаанд.
Бо мақсади беҳтар намудани шароити хизматӣ-маишӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷониби роҳбарияти ХШБ дар ҳамаи Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ гӯшаҳои иттилоотӣ оид ба реҷаи корӣ тибқи тартиби муқарраршудаи ВКД, намунаи аризаҳо, нархномаҳои хизматрасонӣ, номгӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда, номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Хатлон ва сардори Хадамот насб карда шудаанд, ки ин ҳам бошад баҳри самаранокии кор мебошад.
Имрӯзҳо кормандони ХШБ ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ин самт саъю кӯшиш доранд, ки масъалаи сари вақт иваз намудани шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба шиносномаҳои барориши соли 2014 ба охир расонанд.
Дар охир қайд кардани ҳастем, ки шахсоне, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи барориши соли 1996 дар ширкатҳои мобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, дар Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии маҳалли зисташон шиносномаҳояшонро ба шиносномаи барориши соли 2014 иваз намуда, симкортҳои мобилиашонро дар ширкатҳои мобилӣ аз нав ба қайд гиранд.
Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика