Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани се мусофир дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ

051-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 19:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Тоиров Раҷабалӣ Абдукаримович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс”, Бегов Умед Малатбекович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Ҷайҳун, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Зокирова Хатича Сулаймоновна, соли таваллудаш 1965, Ҳасанов Муҳаммад Қодирович, соли таваллудаш 2002, сокинони ноҳияи Вахш ва ноболиғ Ғуломов Билол Акмалович, соли таваллудаш 2014, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Тоиров Р.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика