Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду ноболиғ ва ронанда дар ҳодисаҳои нақлиётӣ

3228-уми октябри соли 2023, ронандаи трактори тамғаи “Т-28”, Термизов Ҳалимҷон Карамович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат дар назди манзили истиқоматиашон қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, хурдсол Термизов Суҳроб Рустамович, соли таваллудаш 2022, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, хурдсол Термизов С.Р. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
28-уми октябри соли 2023, тахминан соати 06:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шералиев Даврон Шамсуддинович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Тайота Л-Қ”, таҳти идораи Эроншоев Амоншо Булбулшоевич, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Хоруғ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шералиев Д.Ш. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
29-уми октябри соли 2023, тахминан соати 12:58-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Мадуллои Аскар, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди хиёбони И.Сомонии шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Мадинаи Набиҷон, соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри Кӯлобро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Мадинаи Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика