Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки дучархаронҳо

21326-уми октябри соли 2023, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”, Абдуллоев Дӯстмурод Ғолибович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти шаҳри Бохтар, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо дучарха таҳти идораи ронанда, Ғозиев Абдулло Ишназарович, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ бархӯрдааст, ки дучархарони мазкур ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, зери автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, таҳти идораи ронанда, Абдукаримов Комилҷон Амонуллоевич, соли таваллудаш 1995, афтидааст.

Дар натиҷа, дучархарон Ғозиев А.И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
26-уми октябри соли 2023, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи дучархаи тамғаи “Минск”, Боронов Баҳодур Бозорович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи дучархааш набаромада, ба чуқурии канори роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, Боронов Б.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
27-уми октябри соли 2023, тахминан соати 09:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “ЗИЛ ММЗ3-4502”, Ҷоншоҳи Тошӣ Ғуломзода, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи мазкур бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба дучархаи тамғаи “Peda-suher” таҳти идораи ронанда, Абдуев Абдураҳмон Умарқулович, соли таваллудаш 1999, сокини ҳамин ноҳия, ки бе ҳуҷҷати ронандагӣ аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Данғара ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи дучарха, Абдуев А.У. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
27-уми октябри соли 2023, тахминан соати 18:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хово”, Ҷабборов Саидмухтор Худойдодович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи М.Турсунзода ба самти кӯчаи У.Аловиддин аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҳаётов Абдумаҷид Мирзоевич, соли таваллудаш 1952, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Ҳаётов А.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика