Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

12Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи Восеъ, муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2023, дар назди маркази савдои «Садбарг», марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 237 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш оҳанпора гирифта медиҳад, аммо номбурда ба ваъдааш наистода маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Инчунин, гумонбаршаванда моҳи сентябри соли 2020, дар назди маркази савдои «Пайкар» бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 528 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш оҳанпора гирифта медиҳад, аммо номбурда ба ваъдааш наистода маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 12-уми сентябри соли 2023, дар назди бозори «Кӯшониён» бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 120 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 20 рӯз маблағашро бо пуррагӣ бармегардонад, аммо номбурда то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика