Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо омӯзгорону донишҷӯён дар ноҳияи Рашт

28617-уми октябри соли 2023, дар толори Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт вохӯрии роҳбарияти Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур доир гардид.283

Ҳадаф аз баргузории чунин як ҷамъомад, ин пешгирии қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон, бахусус донишҷӯён ва корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ маҳсуб ёфт.
Зимни суханронӣ муовини аввали сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Фидозода Мирзо Қаноат иброз дошт, ки вазифаи мову шумо дар якҷоягӣ ин аст, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ва даст задани онҳо ба ҷинояту ҷинояткорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, пеши роҳи содиршавии амалҳои номатлубро бигирем.
284Зикр гардид, ки ҷавонони даврони истиқлолият бояд ободкору созанда ва меҳандӯсту меҳнатқарин бошанд ва дар рушди давлатдории навин бо қадамҳои устувор ба пеш бираванд ва обрӯву эътибори ватани худ - Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боло бардошта, мояи ифтихори наслҳои оянда бошанд.
Чанд нафар аз омӯзгорону донишҷӯён ба масъулини РВКД дар минтақаи Рашт барои вохӯрии судманд изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки доир намудани чунин ҷамъомадҳо ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии қонуншиканӣ дар байни донишҷӯён мусоидат мекунад.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика