Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиноснома - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият

281Баҳри боз ҳам дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон вобаста ба самти фаъолият ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш, тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида миёни аҳолӣ пайваста мулоқотҳо доир менамоянд.282

Ҳафтаи сипаригардида дар ҷамоати шаҳраки Киров ва ҷамоатҳои деҳоти Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Тоҷикободи ҳамин ноҳия бо иштироки нозири калони ХШБ майори милитсия Пирзода Суҳроб ва ҳайати шахсии ин ниҳод вохӯрии судманд доир гардид.
Масъулин иброз доштанд, ки Шиноснома – ин ҳуҷҷати аввалиндараҷа ва тасдиқкунандаи шахсият мебошад, ки шаҳрванд тамоми ҳуҷҷатгузориҳои худро тавассути шиносномаи шаҳрвандӣ амалӣ менамояд ва сокинон бояд дар бахшҳои шиносномавии минтақаи зист шиносномаи худро сари вақт ба тартиб дароранд.
Ҳамзамон кормандони милитсия ба иштирокдорон оид ба пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткории наврасону ноболиғон ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ суҳбатҳо доир намуданд.
Дар идома оид ба раванди амалишавии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» масъулин мазмуну муҳтавои ин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро шарҳ доданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ иштирокчиёни чорабинӣ оид ба сари вақт бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар ин самт ба масъулин саволу пешниҳодҳо ироа намуда, ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.
Офоқ Қодириён, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика