Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани се ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар як рӯз

63

13-уми октябри соли 2023, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Тико”, Турақулозода Алимуҳаммад, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакии ноҳияи И.Сомонӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати қафои автомашинаи тамғаи “УВАЗ-Патриот”, таҳти идораи Ашуров Рустам Зиёратшоевич, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ки дар қатори 2-юми роҳ амали гардиш ба қисмати чапи роҳро ба анҷом мерасонд, бархӯрдаст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Тико”, Турақулзода А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
13-уми октябри соли 2023, тахминан соати 12:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳабибов Шукрулло Назриевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Алигалабони ноҳияи Нуробод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳ баромада ба чуқурии 150 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Ҳабибов Ш.Н. ва мусофираш Насибова Назокат Юсуфовна, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур, Маъмурзода Соҷида, соли таваллудаш 2001, хурдсол Маъмурзода Мастона, соли таваллудаш 2021, сокинони ноҳияи Рашт ва Музафаров Муҳаммад Қамарович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Тоҷикобод, Алимова Фируза Насимовна, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуда, баъди гузаштани ташхиси тиббӣ ба хонаҳои худ баргаштанд.
13-уми октябри соли 2023, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Бобоев Умар Мунаварович, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти ноҳияи Деваштич дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар километри 251-уми ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Ғафуров Абдувосит Ворисович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Б.Ғафуров бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Мерседес-Бенс», Бобоев У.М. ва мусофири автомашинаи мазкур, Маҳкамова Бароат Исобоевна, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур, Дадабоева Мунаввара Исломовна, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Хуҷанд ва ронандаи автомашинаи «Мерседес-Бенс», Ғафуров А.В. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика