Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии намояндагони ВКД дар Коллеҷи омӯзгорӣ

277

Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар руҳияи меҳнатдӯстӣ, иштирок дар корҳои ободонию созандагӣ, рушди ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия, мустаҳкам гардонидани дӯстию ягонагӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии Ватан, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб ва полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ бо устодону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе вохӯрии мақсаднок доир намуданд.278

Зимни суханронӣ Бухоризода М. аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар доираи ин ташаббусҳои созанда кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста бо донишҷӯён, аз ҷумла бо ҷавонони фаъоли намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа суҳбату вохӯриҳо баргузор менамоянд.
279Зикр гардид, ки хадафи сиёсати давлатии роҳбарияти кишвар дар бахши ҷавонон, тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.280
Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳи хосса қарор дода шавад.
Зинми суханронии худ муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ қайд намуд, ки пешгирии содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб рафта, ҳар як шаҳрванди солими ҷомеаро зарур аст дар ин самт дар баробари маориф ва дигар сохторҳои марбута саҳмгузор бошад.
Дар анҷоми чорабинӣ байни масъулини ВКД ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифта, зикр гардид, ки танҳо дар якҷоягӣ бо ибтикору ҳамдилӣ метавонем ҳама гуна ҷиноятпешагӣ, ҳуқуқвайронкуниву амалҳои ношоистаро пешгирӣ намоем.
Абдулмуъмин Зайниддинзода, Манучеҳр Ҷамилов

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика