Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Лахш

1311-уми октябри соли 2023, тахминан соати 20:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Табаров Ҷамшед Файзович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, дар ҳудуди ҷамоати ҳамин шаҳрак, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Икромов Худоидод Олимбекович, соли таваллудаш 2006, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Икромов Х.О. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
12-уми октябри соли 2023, тахминан соати 14:00, дар 274-ум километри шоҳроҳи “Ваҳдат-Лахш-Сари Тош”, воқеъ дар деҳаи Сари пули ноҳияи Лахш, ронандаи автомашинаи тамғаи “Урал”, Қурбонов Ибодулло Файзуллоевич, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофири автомашина Сафаров Тоҷиддин Сайдамирович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, дар беморхона бистарӣ гардидаанд ва мусофири дигари автомашина Неъматов Фирдавс Сайдалиевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика