Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарбозони навдаъватшуда Савганди садоқат ёд намуданд

365

11-уми октябри соли 2023, бо иштироки роҳбарияти Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, афсарону сарбозон, падару модар ва наздикони аскарон дар қисми ҳарби 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ маросими савгандёдкунии навдаъватшудагон доир гардид.364

Пас аз садо додани Суруди миллӣ аскарон Савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд.
Дар рафти чорабинӣ Фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ генерал-майор Суҳроб Рауфзода назди ҳозирин бо сухани табрикӣ баромад намуд.
366Зикр гардид, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар тамоми амалиётҳои муштараки сохторҳои қудратии кишвар оид ба безараргардонии гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар минтақаҳои гуногуни мамлакат фаъолона иштирок намуда, аз худ намунаи баланди мардонагӣ, матонат ва чолокии касбӣ нишон доданд.367
Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоди мазкур имрӯз ба як сохтори тавоно ва замонавӣ табдил дода шуда, соҳиби техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳо, таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассисони баландпояи ҳарбӣ мебошад.
Афсарон, сержантон ва сарбозон бояд доимо дар ёд дошта бошанд, ки оромию осоиштагии диёри азизамон бар ивази ҷони садҳо нафар сарсупурдагони роҳи озодию истиқлолият ба даст омада, таъмини амнияти кишвар ва ҳаёти осудаи мардуми шарифи он маҳз аз ҳисси баланди масъулияти шахсӣ ва қобилияту маҳорати касбии ҳар яки мову шумо вобастагӣ дорад.
Ба замми омӯзиши маҳорати ҷангӣ ба сарбозоне, ки хоҳиши дар оянда ҳамчун афсар хизмат карданро доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар донишкадаҳои ҳарбӣ имтиёз муқаррар намудааст.
Ҳамзамон зикр гардид, ки шурӯъ аз соли 2020 дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ ба замми омӯзиши илми ҳарбӣ, сарбозон бо омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун фаро гирифта мешаванд. Пас аз хатми курсҳои кӯтоҳмуддат соҳиби сертификат шуда, соҳибкасб мегарданд.
Ин ҳар яки Шуморо водор месозад, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба Савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоед.
Абдулмуъмин Зайниддинзода, Рустам Бегматзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика