Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар бар асари чаппа шудани воситаи нақлиёт

319-уми октябри соли 2023, тахминан соати 21:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Самиев Шаҳобуддин Зайниддинович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Роғун, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Оби гарм ба самти деҳаи Қандак, дар роҳи сохтмонаш нотамоми “Оби гарм-Нуробод” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 80 метр чаппа шудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Самиев Ш.З. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
9-уми октябри соли 2023, тахминан соати 22:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Ренур”, Восидзода Фарҳоди Қодир, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Намозгоҳ ба самти шаҳри Душанбе, дар 51-ум километри ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба чуқурии 2 метр чаппа шуда, сипас, ба кӯҳпораи тарафи чапи роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Восидзода Ф.Қ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири автомашинаи мазкур, Мирзозода Билоли Маҳмадмурод, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи мазкур, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
10-уми октябри соли 2023, тахминан соати 02:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидов Сафаралӣ Мирзоалиевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Норак, дар 18-ум километри роҳи мошингарди деҳаи Чиртак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Искандаров Фирдавс Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Искандаров Ф.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин њодисањо тањќиќот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика