Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани се садамаи нақлиётии марговар дар як рӯз

1729-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Раннер”, Муҳаммадлатифи Абдунабӣ, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди ноҳияи Данғара, бо роҳи дуюмдараҷа ҳаракат намуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Амиров Авазхон Талабович, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Данғара, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Тойота Раннер”, Холов Иброҳим Абдукаримович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Ховалинг, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
29-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи дучархаи тамғаи “Скутер”, Алиҷонзода Абдулализ Алиҷон, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар километри 128-650-уми шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи поён”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Балхӣ, қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба қисми чапи роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, Алиҷонзода А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
29-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 01:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107», Мухшулов Манаваршо Якубович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Исфара-Конибодом”, дар ҳудуди заминҳои хоҷагии ҷамоати Нефтобод қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба дарахтони канори чапи роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, Кузиев Фаррух Мақсадҷонович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Ашт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо санҷиш идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика