Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар

2827-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 05:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Зафира”, Абдуҳамидов Олимҷон Абдулғаниевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагард Солиҳов Муродхӯҷа Мизробович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Қубодиёнро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Солиҳов М.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
26-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 23:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2110”, Ахмедов Фирдавс Қурбонович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Нуробод ба самти шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба чуқурии тахминан 65-70-метр ба дарёчаи Кундалаи шаҳри Роғун автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронандаи автомашинаи мазкур ва мусофири дохили он Ахмедов Сорбон Каримович, соли таваллудаш 1996, сокини ҳамон ҷо, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика